Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Сар, ки на дар роҳи азизон бувад, Бори гаронааст кашидан ба дӯш!

Гуфт:
— Эҳтиёт шарт аст. Алҳол ана ин кисаи панҷсадтуманиро гир, агар тавонӣ молу матоъҳои худро ба он тарафи рӯдхона — ба он тарафи ҳудуди қаламрави падарам, ки золим аст, гузарон ва биёву хизмати ба ту ҳаволашударо иҷро намо. Агар рафту душмане бохабар шавад, ту бояд зуд ба он тараф гузарӣ ва ба ин тараф чизе надошта бошӣ.

Аз ин тавр эҳтиёт карданҳои ӯ маро тааҷҷуб омад... боре зарҳоро гирифта ба ҳуҷра баргаштам ва ба рафиқон гуфтам, ки:
— Дар ин шаҳр мондани мо ба худамон зулм кардан аст. Зеро ки ҳокими ин шаҳрро хеле золим мегӯянд ва ҳокими он тараф одил будааст. Бинобар он ба он тараф рафтани мо беҳтар аст.

Раъйи ман ба савдогарон маъқул шуд. Мо зуд молҳои худро ба канори дарё бурдем ва ба заврак гузошта ба он тараф гузаштем. Дар он сӯ ба сарое ҷо гирифтем... Шабро ба ёди он нӯшлаб ба сад азобу уқубат ба рӯз расонидам...

Вақте ки ман ба хизмати он ягона мерафтам, рафиқон гуфтанд, ки:
— Куҷо меравӣ?
Гуфтам:
— Барои гирифтани пулҳои моли ба малика додагиям меравам.

Чун аз об гузашта, ба хизмати он қиблаи офтобпарастон расидам, маро ба хилват бурда меҳрубонии беш аз пеш кард ва гуфт:
— Шарт он аст, ки то тавонӣ, чунон кунӣ, ки касе хабардор нашавад.

Баъд аз ин коғазе сар ба мӯҳр, рӯмоли зартор ва ангуштаре, ки номаш дар он нақш буд, ба ман дода, гуфт:
— Аз шаҳр берун, ба ҷониби шимол, як фарсах дуртар аз шаҳр богест. Бар дари он боғ ҷамъе ба қаровулӣ машғуланд. Саркардаи онҳо Кайхисрав ном дорад. Ту ин ангуштаринро ба ӯ чун нишона бинамо ва ба ҳар кас, ки ӯ бигӯяд, коғаз ва рӯмолро супор, баъд ҷавобашро гирифта биёр. Чун назди он ғариби мазлум бирасӣ, ҳаминро гӯй:

пешина
аз 191
навбатӣ