Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
— Саломат мерасонад нотавоне,
Ҳазине, мубталое, хастаҷоне;
Ки эй, ёри азизи меҳрубонам,
Таманнои дилу ороми ҷонам;
Маро худ дил зи ҳаҷрат ғарқи хун аст,
Ҷигар хокистар аз сӯзи дарун аст.
Замин бӯсидаму равон гардидам. Аз роҳе, ки гуфта буд, мерафтам, то ба дари он боғ расидам. Дар он ҷо ҷавони шерсавлатеро дидам, ки бар болои сандалии зар нишаста ва қариб сад нафар мусаллаҳ дар хидматаш саф бастаанд. Чун ӯ маро дид, пеш талабид ва аз аҳволам пурсид:
Гуфтам:
— Роҳ гум кардаам.
Гуфт:
— Муслимии тоҷир менамой?
Гуфтам:
— Дуруст мефармой!
Гуфт:
— Чизе ҳамроҳ дорӣ?
Ман ҳам фурсатро ғанимат дониста он ангуштаринро ба дасташ додам ва ба канор истодам. Чун ангуштаринро дид, сурху сафед гашт, баъд бархоста ба тарафи боғ рафт ва маро чеғ зада пинҳонӣ пурсид, ки:
— Инро аз куҷо овардӣ?
Гуфтам:
— Соҳибаш барои нишона дод ва ба хизмати ту фиристод.
Гуфт:
— Дигар чӣ дорӣ?
Гуфтам:
— Рӯмоли зарторӣ дорам, мехоҳам ба соҳибаш супорам.
Гуфт:
— Ба боғ даро, дар миёни боғ ҳар киро бинӣ, ба ӯ деҳ ва зуд берун баро!
Инро гуфта ба ҷояш баргашт. Ман чун миёни боғ расидам, дар зери дарахти беде қафаси пӯлодие дидам, ки ба даруни он ҷавоне дар синни бистсолагӣ... чун мурғи болбаста нишаста, сар ба зери зонуи тафаккур гузоштааст.
Аз ин ҳол ман дар ҳайрат шуда пеш рафтам ва салом кардам. Ҷавон сар бардошта ба ман гуфт, ки:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё