Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
— Э мард, ту кистӣ, ки ба ман салом мекунӣ? Магар намедонӣ, ки саломат аз ман дур аст.
Гуфтам:
— Қосидам, нома аз муҳиббу муштоқ дорам.
Гуфт:
— Кадом дӯст, чӣ нома ва чӣ пайгом дорӣ?
Ман нома ва рӯмолро аз рахнаи қафас ба ӯ расонидам ва пайгоми забониро низ ба ӯ гуфтам. Вай аз чашм ашки гулгун равон карда, баъд аз хондани нома сар ҷунбонид ва гуфт:
— Э марди аҳли дард, ба он ёри вафодор бигӯ, ки Худо сабабе созад ва ин хор аз ин раҳгузар хезад, вагарна тадбирҳо ҳама ҳеҷ аст. Инро ҳам гӯй, ки фидои ту гардам, ҳарчанд медонам, ки висол рӯзӣ нахоҳад шуд, аммо орзу дорам, ки як бор туро бинам ва ҷон диҳам. Инчунин гӯй, ки номаву пайгомро бас кун, ки мабодо сабаби фитна ва фасод гардад.
Ҷавон инҳоро мегуфт ва мегирист. Ман ба аҳволи ӯ нигоҳ карда дар ҳайрат будам, ки ногоҳ ғулғула ва ғавғои азимеро шунидам. Баргашта нигоҳ кардам, ҷамъе аз кӯрчиёни ғазаби подшоҳ аз дарвозаи боғ ба дарун даромаданд. Ҳар кадом ҳарба¹ дар даст доштанд. Инчунин чанд ҳабашии сиёҳи қавихайкал шашпарҳо дар даст пеш-пеши онҳо медавиданд. Вақте ки ба ман расиданд, ҳарбаро ба фарқи ман заданд, ки ду пари он ба фарқам ғӯтид.
Дарвешон! Он марди пир сари худ кушод ва дар тарафи чапи сараш захми он шашпар менамуд, ки ҳоло беҳ шуда буд. Пирамард ба суханаш давом карда, гуфт:
— Ин захми он шашпар аст. Чун он захм хӯрдам, бехуд шуда афтодам. Дигар надонистам, ки чӣ ҳодисаҳо рӯй дод. Вақте ки ба ҳуш омадам, ҷаҳонро бар худ торик дидам ва худро бар дӯши шахсе ҳис кардам, ки роҳ мерафт ва ба рафиқи худ мегуфт: «Аҷаб, ки ба сабаби ин бадбахт аз тамошо мондем», они дигаре мегуфт: «Ин мардро партофта ба тамошо равем». Шахси аввал боз гуфт, ки: «Мехоҳӣ, ки он девона ҳар дуи моро сиёсат кунад (ҷазо диҳад). Аммо ҳайф, сад ҳайф, ки шоҳзода бегуноҳ кушта мешавад!..» Ман гуфтам, ки:
— Ёрон, ин чӣ тамошоест, ки аз нарафтани он тассуф мехӯред? Ва чӣ шавад, ки маро ҳам ҳамроҳи худ баред?
¹ Ҳарба — найзаи кӯтоҳ, умуман силоҳи ҷанг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё