Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Ҳофизо, ҳулди барин хонаи мавруси1 ман аст.
Андар ин манзили вайрона нишеман чӣ кунам?
Ҷавон ҳамчун абри найсон, дар он саҳни бӯстон сиришк аз чашмон меборид. Ман аз шавқи ваъдаи дидор масту саршор; мунтазири он зебонигор шуда нигарон ба ҳар гӯшаву канор будам, ки ногоҳ... бахт ёр шуд, толеъ мададгор: аз як тараф он офтоби бурҷи шараф ва толеъ намудор шуд.
Аз шароби шабона он дилдор, Нимаи масту нимаи ҳушёр; Наргиси масти ӯ ба ном Эзид, Масттар мешавад ба вақти хумор.
Ашк ҳамчун гулоб меборид, Бар гули оразу маҳи рухсор.
Чун бидидам хироми тамкинаш Хираду ҳуш шуд зи ман безор.
Дарвешон, азизон, бародарон!.. Сару рӯй ба даст гирифта-му аз ҳуш рафтам. Вақте ба ҳуш омадам ва чашм кушодам ва он сарви нозро дидам, ки монандӣ оби ҳаёт ба сиёҳӣ ниҳон буд ва рӯмоли зарториро дар даст дошта, дар рӯ ба рӯи он диловар бар курсии зар менишаст. Он ҷавон сухан мекард, ӯ бо гӯши ризо мешунид. Сухан ба ҷое расид, ки он гулизор ба зории зор чун абри навбаҳор ба гиря даромад. Ин ҳоли ӯро дида ба худ печидам, наздик шуд, ки фарёд бароварам, ҷома бидарам. Дар ин дам он шермард аз рӯи хашм чунон заҳри чашме ба коми ҷонам рехт, ки аз воҳима бехуд шудам.
Гирам нишонд бахт ба паҳлӯи ӯ маро,
Ку тоқати мушоҳида бар рӯи ӯ маро?
Бигзор, э насим, ки чашмам бар ӯ фитад,
Як бор бехабар макун аз рӯи ӯ маро!
Боз вақте ки ба ҳуш омадам, онҳо сӯҳбат карда мениша-станд. Дар вақти гап, нохост он маҳи офтобшӯъ ангушти
1 Маврус – меросӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё