Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Назди падарам расидам, пиёда шуда рикобашро бӯсидам. Ногоҳ ғулгула ва ғавғо баланд шуд. Чун ба ақиб нигаристам, он шери болои мардумӣ ва мурувватро бо он дурри садафи иззу шараф дар миёнаи рӯдхона – дар ҳолати ғарқшавӣ дидам. Боиси ин кор ҳамин буд, ки аспе, ки ман ба ӯ савор будам, тои модиёна буд, ки он дар зери парипайкар буд. Модиён, ки тои худро миёни об дар изтироб мебинад, саркаш шуда худро дар миёни об меандозад. Ҳамин ки ба миёнаи рӯдхона мерасад, об ӯро мепечонад. Беҳзодхон инро дида ба сӯи вай асп метозад ва барои халосии духтар худро ба об меандозад. Аммо об ӯро низ меғалтонад. Мо он замон хабардор шудем, ки ҳар дуро кор аз даст рафта буд ва дасту пояшон аз кор монда, аз зарбу лати мавҷҳо гоҳ ба рӯй намоён шуда, гоҳ ба так мерафтанд. Оббозон, шиноварон ва ғаввосон худро ба об андохтанд, ҳарчанд ҷустуҷӯ карданд, ҳарчанд ба ҳар тараф шитофтанд, аз он ҷо асаре наёфтанд.
Дарвешон! Мани саргашта ва парешон он ҳама дида, то он ки ба васли чунин маъшуқа расидам, аммо баногоҳ он моҳ дар қабзаи чунин бало мубтало гардид. Ҷигарсӯзтар аз ин, ҳалокати он ҷавонмард аст, ки дар роҳи мо он ҳама ҷонфишонӣ кард ва ниҳоят ба сараш он бало расид! Бинобар он гиребон пора кардам ва сару по бараҳна ба биёбон баромадам. То он ки аз зиндагӣ сер шудам ва хостам, ки худро ҳалок созам. Иттифоқо ман ҳам дар он қуллаи кӯҳ расидам ва он пири доноро дидам. Он пир ба ман ҳама чизе, ки ба ин бародарам гуфта буд, баён кард. Инак ба умеди ҳусули матлаб ба ин сӯ равона гардидам. Шукр, ки ба хизмати бародарон расидам ва нишонаи аввали он пирмард гуфтаро дидам. То бубинам, охири кор ба куҷо меанҷомад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё