Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар хазинаи падар дида будам ва на аз касе шунида будам. Бинобар он бисёр хушҳол шудам ва он мардро эҳтиром кардам, инъому икром ва хилъати фоҳира додам ва фармудам, ки аз моли ӯ бочу хироҷ нагиранд.

Он мард чандгоҳ дар пеши мо буд. Худаш хеле ҷаҳондида, ширинзабон ва қоидадон буд. Аз сӯҳбаташ фоидаҳои бисёре мегирифтӣ. Хулосаи ҳикоят он ки азбаски ба он лаъл шавки тамом доштам ва онро беназир мепиндоштам, бисёр вақтҳо дар ҳузури хосу ом онро ба даст мегирифтам ва таъриф мекардам ва ба ҳар кас вайро нишон медодам ва бад-он менозидам (фахр мекардам). То он ки рӯзе элчиҳои мамлакатҳои бисёр барои салом ба даргоҳи мо омада буданд. Барои онҳо маҷлис тартиб дода, умарои давлат ва аъёнро ҳозир карда будам. Ҳама ҷо ба ҷо нишаста, ходимон ва ясавулон саф баста буданд ва базми шоҳона тартиб дода шуда буд. Ниҳоят бинобар одати худ, ҳамон лаълро ба муносибате талабидам ва онро ба даст гирифта ба таърифаш кӯшидам. Элчии Фаранг кӯшиши маро дида табассум кард. Ман як вазири соҳибتدбир доштам, ки аз замони падарам монда буд. Вай инро дида, одоби хизмат ба ҷо оварда ва баъд аз дуо ва сано гуфт:
— Арзе дорам, агар рухсат фармоянд, баён кунам.
Гуфтам:
— Бигӯ!
Ӯ гуфт:
— Аз подшоҳони азимушшаън, ки сарвари ҷаҳонанд, пораи сангеро ҳарчанд бемисл бошад ҳам, дар назари ошно ва бегона ин қадар таъриф кардан баднамост. Ва ҳол он ки ин санг он қадар мартаба дорад, ки марди тоҷире дар шаҳри Нишопури Хуросон дувоздаҳ донаи онро, ки ҳар як ба ҳафт мисколи санг баробар меояд, ба гарданбанди саге шинондааст.

Аз суханони дурушти вай оташи ғазаби ман даргирифт. Ҳикояи тоҷири Хуросониро дурӯғ гумон кардам, ба вазир хашм намудам, ӯро сиёсат карда молашро ба ғорат кардан амр кардам. Лекин элчии подшоҳи Фаранг ба миёна даромада, гуфт:
— Илтимоси он дорам, ки шумо, подшоҳи муҳтарам, бифармоед, ки ин марди пир чӣ гуноҳ дорад?
Гуфтам:

пешина
аз 191
навбатӣ