Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Модари духтар баъд аз шунидани ин хабар, аз тарси расвоӣ ҳаракати духтарро махфӣ медошт.
Аммо хоҷазодаи сохта, ки дар ҳусн беназир ва дар синни ҳаждаҳсолагӣ буд, сиҳат-саломат ба шаҳри Нишопур рафта мерасад. Баъд аз ба корвонсарой фуромадан ва истироҳат кардан ба сайр мебарояд ва хиромон ба сари чорسӯи бозор мерасад. Дар сӯи бозор дӯкони ҷавҳариеро мебинад, ки дар он аз ҳар ҷинс ҷавоҳири бисёр тал-тал ғаллавор рехта шудаанд. Дар он ҷо марде ба синни чилсолагӣ, ба равиши одамони мӯътабар либоси хуб дарбар нишастааст. Ғуломон ва чокарон дар баробари ӯ саф задаанд, чанд нафар аз калонҳо ва аъён дар пеши дӯкони ӯ ба рӯи сандалиҳо нишаста сӯҳбат мекарданд.
«Хоҷазода» ин ҳолро дида бо худ мегӯяд, ки албатта он тоҷире, ки падарам гуфтааст, ҳамин аст. Бинобар он ба диққат ба ӯ нигоҳ мекунад. Дар баробари он дӯкон боз як дӯкони дигареро мебинад, ки тахта кашидаанд. Аммо дар он ҳеҷ чиз нест, магар ду қафаси фӯлодӣ, ки дар ҳар кадом як нафар шахс маҳбус, аз роҳат ва истироҳат маюс нишастаанд. Мӯи сар ва риши онҳо то ба камар расида, нохунҳояшон дароз шуда, рӯяшон зард, мӯяшон пургард... ки рӯзгори ҷафокор мисли он ду ситамрасида дар рӯи замин касеро надида ва гӯши гардун низ ин азобро нашунида... дарҳои қафасҳо қулф, ду зангии сиёҳ ба онҳо нигаҳбон. «Хоҷазода» лоҳавл гӯён ба тарафи дигар рӯ мегардонад. Дар он тараф низ дӯконеро мебинад, ки дар он қолинчаи абрешимие паҳн карда, сандалии мурассаъ гузошта шудааст. Дар болои сандалӣ чули зарбофт партофта шуда, ба рӯи он саге хоб кардааст, ки бо занҷири тилло баста шуда ва дар гарданаш гарданбанди қиматбаҳо гузаронида шудааст. Дар пои сандалӣ лаганди тиллои пур аз об гузошта шуда, ду ғуломбачаи зебои фарангӣ ба хидмати он саг муқаррар шудаанд... Хоҷазода диққат карда мебинад, ки ҳамон сангҳои қиматбаҳо ҳақиқатан дар гарданбанди саг мавҷуданд. Аз ин ҷиҳат вай хурсанд шуда фикр мекунад, ки оё чӣ кор кунад, чӣ санад ба даст орад, ки ҳақиқатан ростии сухани падараш ва ин ҳолро исбот намояд?
Иттифоқан дар ин дам, ба ҳусну ҷамоли хоҷазода мафтун шуда, ба гирди ӯ чунон мардум ҷамъ мешаванд, ки роҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё