Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Омад-шудро мебанданд. Хоҷаи ҷавҳарӣ нигоҳ карда мебинад, ки бозор монанди паргор даври он дилоройро гирифтаанд. Бинобар ин як ғуломи худро ба назди хоҷазода мефиристонад ва ӯро ба дӯкони худ чег мезанад. Он симои осмонии некӯӣ низ ба дари дӯкони хоҷа рӯ мекунад.
Дарвешон! Хоҷазодаи сохтаро дида хоҷаи ҷавҳарӣ мафтун мешавад ва ба ишқи ӯ гирифтор мегардад. Хоҷазода пеш меравад, хоҷа бағал кушода ӯро чун ҷони ширин ба бар мекашад, рӯяшро падарвор мебӯсад ва дар паҳлӯи худ мешинонад... вай баъд аз пурсупоси расмӣ мегӯяд, ки:
— Э ҷавон! Ту гуле аз гулистони кистӣ ва сарви кадом чаманӣ? Дурри кадом садафӣ ва озими кадом тарафӣ.
«Писар» дар ҷавоб мегӯяд:
— Ҷои таваллудам Қустандания аст. Падаре дорам рӯзгори ҷавониро дар тиҷорат гузаронида, ҳоло, ки синнаш ба ҳафтод расида, чашмаш обрав гардида ва дар хона нишастааст, маро ба сафар амр кардааст. Ман ҳам аз ошӯби дарё ваҳмида ба ин тараф — ба вилояти Аҷам сафар кардам. Баъд аз ба ин иқлим даромадан овозаи шуморо шунидам ва барои дидани шумо ба ин шаҳр омадам. Шукр, ки ба дастбӯси шумо расидам.
Гар мо ба гарди домани марде намерасем, Шояд ки гарди домани марде ба мо расад!
Он «писар» бо хоҷа чунон ба суханон дилрабоёна ва адофаҳмона даромад, ки шӯраш дар сар омад ва гуфт:
— Фарзандам! Карам кардӣ, заҳматҳо кашидӣ. Хуш бош (хуш омадӣ!), ки аз омаданат хушвақт шудем:
Гузар фитод ба сарвақти куштагони ғамат, Ҳазор ҷони киромӣ фидои ҳар қадамат!
Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст, Карам намову фуруд о, ки хона, хонаи туст!
Фарзанд! Ту ба куҷо манзил кардӣ? Фармо, ки чизҳоро ба бандахона нақл кунанд. Зеро ки будани ту дар манзили ғарибон (мусофирон) муносиб нест. Худоро шукр, ки қадр ва эътиборе дорам ва мардуми ин диёр маро қадаре риоят мекунанд. Ҳар гоҳ қадам ба дида гузорӣ, хуб мешавад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё