Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Хоҷазода баъд аз узрхоҳии бисёре розӣ шуда ба ғуломони худ фармуд, ки бо ҳамроҳии мулозимони хоҷа асбоби ӯро аз корвонсарой ба хонаи хоҷа кашонанд. Худаш то охири рӯз дар бозор дар назди хоҷа нишаста сӯҳбат мекунад. Баъд аз он ки равона ба хона мешаванд, хоҷазода мебинад, ки он ду ғуломбача, яке сагро ба бағал гирифта, дигаре сандалии онро ба даст гирифта аз пас равона мешаванд. Ҳамин ки ба хона дохил мешаванд, дар канори ҳавз қолинча партофта сандалии сагро мегузоранд ва ғуломбачаҳо дар назди он ба хизмат рост меистанд. Қафасҳоро низ дар як тараф мегузоранд.

Хоҷа ба хоҷазода хуш омадед гуфта меҳрубонии зиёд мекунад. Ба фармони хоҷа ба маҷлис май меоранд. Хоҷа худ менӯшад ва бо таклифи тамом ба хоҷазода низ дода ба сӯҳбат менишинад. Баъд аз он ки димоғи ёрон чок мешавад, таом меоранд. Ба ишораи хоҷа барои саг низ як табақ таом мебаранд. Дар пои сандалӣ дастурхони зарбофт партофта табақро мегузоранд. Саг аз сандалӣ поён ҷаста ба қадре ки мехоҳад, мехӯрад ва аз лаганди тилло об нӯшида боз ба болои сандалӣ мебарояд ва хоб мекунад. Ғуломбачаҳо бо рӯмол дасту даҳони ӯро пок мекунанд. Он ду ғуломи сиёҳи зангӣ зиёдатии хӯроки сагро ба назди қафасҳо мебаранд ва аз хоҷа калидро гирифта қулфро мекушоянд ва фалакзадаҳоро берун мебаранд. Бо зарби қамчин боқимондаи хӯроки сагро ба онҳо мехӯронанд. Баъд аз хӯрок боз онҳоро дар қафас карда, қулф мекунанд.

Хоҷазодаро ин тавр рафтори дур аз муҳаббати марди гарон меояд, мазҳаби хоҷаро ғайри ҳақ медонад. Бинобар он хӯрок нахӯрда аз дастурхон канор мешинад. Ҳарчанд хоҷа таклиф мекунад, зӯрӣ мекунад, қабул намеафтад. Ниҳоят сабаби нафрати ӯро мепурсад:

Хоҷазода мегӯяд:

— Маро таоми ту гуворо нест. Ин чӣ рафтор аст, ки ту дорӣ? Аввал сагро чаро ин қадар парастиш мекунӣ, ҳеҷ кас сагро ба ин дараҷа иззат накардааст, ин баст нест, ки ба он ду бечора ин қадар зулму азоб мекунӣ. Ин кор аз мурувват ва одамият нест. Ман намедонистам, шояд дини ту дигар аст ва ҳайвонпарастӣ мекунӣ!

Хоҷа мегуфт:

пешина
аз 191
навбатӣ