Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

БАЁНИ САРГУЗАШТИ ДАРВЕШИ АВВАЛ

Азизон, дӯстон, меҳрофаринон, Муҳаббатмашрабон, меҳнатқаринон!
Сарам савдои зулфи сиёҳе, Дилам шайдои ваҳшинигоҳе.
Зи тири ғамзаи ҳусни ҷигарсӯз Ба хуни хеш меғалтам шабу рӯз.
Дилам аз дурияш як лахти хун аст, Чӣ гӯям к-аз фироқаш ҳол чун аст?!

Дарвешон, ин камина, ки ҳоло бо либоси чанда дар хизмати шумо забондарозӣ мекунад, аз шаҳри Яман мебошам. Падаре доштам, ки ӯро Хоҷа Аҳмад мегуфтанд. Вай савдогари калон буд, моли зиёд дошт, савдогарони бисёре бо пули ӯ сафар мекарданд. Вай ду фарзанд дошт. Яке бандаи шумо ва дигар духтаре, ки падарам ӯро дар ҳаёти худ ба шавҳар дода буд...

пешина
аз 191
навбатӣ