Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Вақте ки синни ман ба чордаҳсолагӣ расид, падарам бемор шуду баъд аз як ҳафтаи дар бистари беморӣ хоб кардан аз дунё чашм пӯшид. Хешон, ҳамсоягон ва ҳамкорон гирд омаданд ва корсозии падарамро ба тариқи шояду бояд баҷо оварданд. Ман то ҳафта ба азодорӣ машғул будам. Баъд аз он ки ёрон ҳар як ба манзили худ рафтанд, мурдани падарам маълум шуд; дар кунҷи хона танҳо ва ғарибона нишастам ва дар ба рӯйи ошнову бегона бастам. Се рӯзи дигар ҳам бо сӯз ба сар бурдам.

Дарвешон! Риндони бесарупо ва шайтонии инс (одам)-намо дар ҳар шаҳр ҳастанд ва ҳар шаб аз луқмаи таоми яке шикам сер мекунанд ва ҳар рӯз бо кӯҳналибоси дигаре фахр менамоянд. Инак чанд нафар аз онҳо чун шунида буданд, ки хоҷа мурда ва хоҷазодаи падармурда ҷоҳил аст, дар рӯзи чорум ба дари хонаи ман омаданд ва рухсати даромадан хостанд, ки маро дида таъзият диҳанд. Ман рухсат додам, ки дароянд. Онҳо баъд аз даромадан ва адои расми таъзият, забон ба насиҳат кушоданд ва гуфтанд:

— Ҳар кӣ омад ба ҷаҳон оқибаташ бояд рафт, Абадуддаҳр намондаст касе дар олам.

Гиряву нола бефоида аст. Падари ҳар кӣ мемурад, илоҳӣ, ту зинда бошӣ. Акнун арвоҳи гузаштагонро бо дуову фотиҳа ва ҳадяву садақа шод бояд кард...

Дарвешон! Сухан мухтасар, ман онҳоро дӯсти ҷонӣ гумон кардам ва ҳушу гӯшамро ба суханони онҳо додам. То ки бо афсуну афсона фирефтанду маро ба шӯхию бозӣ моил карданд. Баъд аз он то се сол пайваста ба айшу нӯш машғул шудам... ва мол нобуд мекардам. То он ки тамоми моли падарамро сарфи ёрони дурӯғ ва рафиқони хушомадгӯ кардам... корам ба ҷое расид, ки аз либос ба ғайр аз кӯҳнакулоҳе ва жандакабое дар бар намонд ва қути лоямут ҳам набуд. Шайх Саъдӣ дар ин бора дуруст гуфтааст:

Аблаҳе к-ӯ рӯзи равшан шамъи кофурӣ ниҳад, Зуд бошад, к-аш ба шаб равған набинад дар чароғ...

_________________ 1 Қути лоямут — хӯроки андак, ки фақат барои намурда мондан кофӣ аст.

пешина
аз 191
навбатӣ