Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Аввал рӯҳи худ ба мо набоист намуд,
Дил аз мани бечора набоист рабуд.
Чун рӯй намудию рабудӣ дили ман,
Ночор ба коми мот мебояд буд.

...Нури дидаи ман! Ин хаёли маҳолро аз сарат берун кун, ин имкон надорад. То ман зиндаам, як соат ба дурии ту розӣ намешавам. Аҷам низ мамлакати хушобу ҳавост. Дар ҳама чиз кам аз Рум нест. Агар дар фаранг бозмондаҳо дорӣ, ҳар кадом аз мулозимони худро, ки амин донӣ бо чанд нафар аз одамони банда ба овардани онҳо мефиристонем. То ки ба андак фурсат сиҳат ва саломат ба ин ҷо оянд. Фарзанд! Ман дар ҳаётам ранҷи бисёр кашидаам ва дар ҷавонӣ беихтиёр гирди диёрҳо гардидаам, то он ки ба пирӣ расидаам, мол ва чизи бисёр дорам ва фарзанд ё ки хешу табор надорам, ки баъд аз ман барои ман фотиҳа хонанд. Мехоҳам ки ту ба ҷои фарзанди дилбанди ман бошӣ то зиндаам нури чашми ман бошӣ, вақте ки мурдам ба хокам супурда фотиҳа хонӣ, баъд ихтиёр дорӣ.

Хоҷазода дар ҷавоб гуфт, ки:
— Э падар! Мақсади ман аз хизмати ту дур шудан нест. Аммо чун ризои падар ва модар фарз аст ва онҳо пир ва оҷиз шуда мондаанд, рафтанам зарур аст. Падарам аз як сол зиёдтар ба ман рухсат надодааст. Вай ба интизори ман аст. Метарсам, ки маро оқ накунад. Бале, агар шафқат карда, бандаи худро аз хок бардорӣ ва шарти падар ба ҷо орӣ ва қадам ба хоки Рум гузорӣ, ман ҳам шарт мекунам, ки то зинда бошам, фармонатро банда бошам.

Баъд аз гуфтугӯи бисёр хоҷаи бечора ба ҷуз ҳамроҳии ӯ чорае намеёбад.

Ҳар киро товус бояд, ранҷи Ҳиндустон кашад, Ҳар киро маҳбуб бояд, меҳнати зиндон кашад.

Онҳо чун азми сафари Рум мекунанд, туҷҷори Хуросон ва Ироқ низ ба онҳо ҳамроҳӣ мекунанд. Хоҷасагпараст бо ганҷу гавҳари бисёр ва ғулому ҷокари бешумор дар соати нек аз Шаҳри Нишопур берун меоянд ва дар беруни шаҳр дар саропарда манзил мекунад. Туҷҷорони дигар, ҳар як муноси-

пешина
аз 191
навбатӣ