Зеҳн
Чор дарвеш

Ин китоб яке аз шоҳасарҳои халқӣ буда, воқеаҳои аҷибу ғариб ва сагузашти қаҳрамононро дар бар мегирад. Ҳодисаҳои асар бо устокорӣ баён шудаанд, ки хонандаро ба дунёи қиссаҳо ва афсонаҳои шарқӣ мебаранд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 191 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

би аҳволи худ бо молу матоъ ба ӯ омада ҳамроҳ мешаванд. Чун вақти сафар мерасад, сад шутур пур аз кумош, сад шутур пур аз ҷавоҳир ва сад шутур пур аз тилло ва нуқра бор карда мулозимони хоҷа ба роҳ медароянд. Онҳоро сад нафар ҷавони қибчоқи заҳматкаши шамшерзани пурдил ва боҷуръат пайравӣ мекунанд, дар пеш-пеши ҳама он меҳри сипеҳри хубӣ ва моҳи осмони маҳбубӣ бо хоҷа қариб мерафт. Рафиқони дигар атрофи ӯро парвинвор печонда гирифта буданд. Баъд аз онҳо дар болои тахти равоне он саг нишаста ва соябоне бар сари ӯ бардошта буданд; аз паси он, ду қафаси он ду бадбахтро ба як шутур бор карда буданд. Бо ҳамин тартиб, дар ҳар манзил хурсандию шодӣ карда меомаданд. То ин ба як манзили Кустанталия мерасанд. Хоҷазода рухсат металабад, ки пештар ба шаҳр равад ва барои хоҷа ва ёрон манзиле тайёр кунад. Хоҷа базӯр розӣ мешавад ва ҳаминро шарт мекунад, ки дар шаҳр аз як шаб зиёдтар намонад.

Хоҷазода чун яккаву танҳо аз он ҷо ба шаҳр меояд, шабона ба хона рафта ба ҳарам медарояд. Дар ҳарамбудагон аз ҷуръати марди бегона ҳайрон мешаванд. Аммо вай локайдона ба назди модараш меравад. Модар баъд аз итоб беҳад аз ҳоли ӯ мепурсад.

Духтар мегӯяд:
— Э модар! Ин корро ман маҳз барои халосии падарам кардам. Шукр, ки муддао ҳосил шуд, шоми ғам ба рӯзи шодӣ анҷомид. Хоҷаи тоҷирро бо сағаш ва гарданбандҳои он овардам. Акнун аз ту як хоҳиш дорам, ки боз маро як-ду рӯз ҷавоб деҳ, то ки ин корро ба охир расонам ва падарамро аз ҳабсу қатл халос кунам.

Модар аз дидани духтар ва шунидани ин хабар шод мешавад, ӯро чун ҷон дар бар некашад ва ба ҳаққаш дуои хайр карда боз ҷавоб медиҳад. Он симинбар ҳамон саҳар боз ба сӯи хоҷа меравад.

Аммо он бегоҳи хоҷаи дилдода ба ҷудоӣ тоб оварда натавониста дар ҳамон соат кӯч мефармояд.
Ҷилвагоҳи дӯстро бедӯст дидан мушкил аст!

Онҳо дар як фарсангии шаҳр ба ҳам расида, дар беруни шаҳр як ҷои хушобу ҳаворо интихоб мекунанд ва хаймаву чодар зада менишинанд.

пешина
аз 191
навбатӣ