Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Азизи Мисри ман охир чаро аз ман гурезонӣ.
Зи ғам девонаавзоям чаро аз ман намепурсӣ?
Кадом дарди туро гўям дили сарди туро гуям,
Чу шамъе сўхт саропоям чаро аз ман намепурсӣ?
Ту бахти аввалам будӣ чу тоҷе бар сарам будӣ.
Ба поят бо сарам оям чаро аз ман намепурсӣ?
Шикебо шав ту Маҳфўзо, ки ў рўзе ҳамеояд.
Ҳамегуяд, ки эй моҳам чаро аз ман намепурсӣ,
Январи соли 1995

Муноҷот
Гунаҳгорам биёмўрзам Худоям,
Агарчанде сазои ҳар ҷазоям.
Ки баҳри раҳмати ту беҳудуд аст,
Зи даргоҳат марон, ки бенавоям.
Чу Юнусам агар дар батни моҳӣ,
Надорам ғам, ки маҳбусро ту шоҳӣ.
Ба зиндони шикам гар солҳоям,
Ба раҳмат макунӣ рўзе раҳоям.
Хиҷил аз кардае нокарданиям,
Хиҷил аз гуфтае ногуфтаниям.
Хиҷил аз рафтане норафтаниям,
Хиҷил аз дидане нодиданиям.
Майи соли 1996

Тавофи дил
Чаро дар зиндагонӣ қадри ҳамдигар намедонем.
Ва чун ёре фано гардад баъди ў пушаймонем,
Бувад дар зиндагӣ меҳру сипосу дўстии инсон.
Ки баъди марг ҳар, ки дар ҳисоби худ саргардон,
Надорад як ҷаве арзиш ҳама ҳангомаи дунё.
Саропо ҳеҷу ҳеҷ бинвиштаанд дар номаи дунё,

пешина
аз 75
навбатӣ