Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Биёед дўстон донем ғанимат умри серўза,
Ки пасфардо яке хиштему ба девору яке кўза,
Аз он ки пеш хоки мо ба дасти бод кунад бозӣ.
Зи эҳсону сахои мо шавад халқи Худо розӣ.
Марти соли 1996
Ғазал
Тири пурнеши қазо омаду зад бар ҷигарам,
Ҷигарам хаста шуду хунфишон шуд басарам.
Дуди оҳам ба фалак печиду осмон бигирифт,
Рехт аз кулфати айём ҳама болу парам,
Нахли ангур бинишондам бед руст аз самарам,
Бори ғам бар душам афтод ҷуфт гардид камарам,
Гар ҳаёт ину ҷаҳон ину вафо ин бошад,
Мекунам хоки паи гетифурўш тоҷи сарам.
Маҳфўзо тори худ аз пуди ҷаҳон канда бидор,
Ҳар куҷо будам ба заҳр олуда бинмуд асалам,
Майи соли 1994
Ғазал
Эй лола чаро пираҳани хеш даридӣ,
Доғе ба дилу ашке зи шабнам падидӣ.
Аз рўзи азал бошад чунин одати дунё,
К-аз ҷавру ҷафояш дили бедоғ надидӣ.
Ин сурхии ту зи хоки хунинкафанон аст.
Доғи дилат аз ҳасрати рафтагон нишон аст,
Пироҳани чокат бувад аз модари зоре,
К-аз марги писар пироҳани хеш даррон аст.
Ҳон, лола бидон умр ғанимат, ки ду рўз аст,
Фардо на туро боз чунин ҷоҳу нуфуз аст.
Аз бодаи шабнам қадаҳат пур ба лаб кун,
Фардо ба чаман боз дигаре чеҳрафурўз аст.
Майи соли 1996

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё