Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Зиндагӣ бошад раҳи пурпечутоб,
Ботаамул рав, ки афтӣ аз шитоб.
Сабр мебошад камоли одамӣ,
Гарчӣ талх аст соз аз ў марҳаме.
Меваи ширин дорад нахли сабр,
Офтоб пинҳон бувад дар абри сабр.
Мехўрӣ рўзе зи бори нахли сабр,
Нур гирӣ з-офтоби абри сабр.
Сабр чун вайронае бошад агар,
Ганҷ пинҳон бошадаш андар ҷигар.
Баҳраёб охир шавӣ аз ганҷи сабр,
Мераҳӣ рўзе зи қайди ранҷи сабр.
Сабр кун рўзе ба мақсад мерасӣ,
Сабр бо туст ту ба давлат мерасӣ.
Сабр лутфу неъмат аст аз Кирдгор,
Медиҳад ўро ки бошад дўстдор.
Сабр бо туст ту бо Раҳмони қарин,
Бо шитоб ҳамроҳ бувад деви лаъин.
Ҳар, ки бошад бошитоб ҳамроҳу ёр,
Деви малъун аст ба души ў савор.
Майи соли 1995
Дил
Чаро ин қадр маҳзунӣ дил эй дил,
Чаро ин қадр пурхунӣ дил эй дил.
Матои ин ҷаҳон як ҷав наарзад,
Ҳадаф бар он фалохунӣ дил эй дил.
Чаро ин қадр бирёнӣ дил эй дил,
Ба роҳи дида гирёни дил эй дил.
Гаҳе шоду гаҳе ғамнок бошӣ,
Гаҳе тарсу гаҳе бебок бошӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё