Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Агар боши ба ҳар чизе ки монанд,
Бишав кушо, ки умре пок бошӣ.
Таҳаммул кун даме дар ҳирси дунё,
Куҷост Искандару Қоруну Доро.
Ба Фирўза нишин дар кунҷи хилват,
Ки омўзӣ аз ў дарси қаноат.
Майи соли 1996

Зиндагӣ
Зиндагӣ гаҳ Ҷоми Ҷам мебахшадат,
Зиндагӣ гаҳ рўзи кам мебахшадат.
Гоҳ –гоҳе баҳра ёбӣ аз нишот,
Зиндагӣ гаҳ оҳи ғам мебахшадат.
Зиндагӣ гаҳ имтиҳонат мекунад,
Гар, ки шери ваҳшии ромат кунад.
Гар чу дарё азми рост рафтан турост,
Гоҳ –гоҳе ў чу гирдобат кунад.
Гар ту дорӣ руҳи зўру бешикаст,
З-озмуни зиндагӣ хоҳад гузашт.
Гар, ки дорӣ табъи ваҳшатпешае,
Бар шурўъи зиндагӣ макшой даст.
Гаҳ ҳаёте чун баҳор гардад насиб,
Гаҳ хазоне пур зи хор гардад насиб.
Ботаҳаммул бош ба ҳар пасту баланд,
Гаҳ лайлу гаҳ наҳор гардад насиб.
Майи соли 1996

Сирри Худо
Одами сири Худояст,
Аслу наслаш аз самояст.
Мангараш бо чашми камбин,
Ин ҷаҳонро ў атояст.

пешина
аз 75
навбатӣ