Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дарс меомўхтем дарси вафо,
Бехабар будем зи даҳри пурҷафо.
Зиндагонӣ саҳлу осон дар назар,
Менамуд дар чашми ҳар як ҷилвагар.
Бехабар будем зи тўфони ҳаёт,
Бехабар будем зи умри бесубот.
Зиндагӣ пурнешу пурнуш будааст,
Гоҳ пурхор гоҳ гулпўш будааст.
Деҳаи ман деҳаи Навдонакам,
Ман бароят то ҳануз кўдакам.
Аз ту ҷўям кудакиамро мудом,
Аз сари ҳар санг, лаби ҷую ҳам аз болои бом.
Июни соли 1997

Иштибоҳ
Иштибоҳ кардам ба ту дилдодаам,
Эй басе гумроҳу гулу соддаам.
Аз сиёҳии дилат ҳаргиз хабар,
Ман надоштам шуд умедам барҳадар.
Духтари деҳ эй басе зудбоварӣ,
Ту ба қавли ҳар, кӣ имон оварӣ.
Чунки ғайри деҳи хурди зодгоҳ,
Наафтодат руи дунёро нигоҳ.
Ҷуз лаби чашма надидӣ ҳеҷ ҷой,
Ҷуз даруни деҳ нагзошти ту пой.
Неку бадро дар ҷаҳон кам дидаӣ,
Панди бобоӣ басе бишнидаӣ.
Ў ҳаме талқини некӣ менамуд,
Ҳарфи беҷо ҳар гаҳе ки мешунуд.
З-ин сабаб аз шуру шар бегонаӣ,
Аз ниҳоди фитнагар бегонаӣ.

пешина
аз 75
навбатӣ