Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Аз касофат аз разолатҳои ў,
Аз адоват аз хиёнатҳои ў.
З-ин сабаб хурдӣ фиреби зиндагӣ,
Ҳам фароз дидиву шеби зиндагӣ.
Духтари деҳ баъд аз ин ҳушёр бош,
Дурбину зираку бедор бош.
Майи соли 1996
Намедонам
Вуҷудамро ба ту бахшидам эй мард,
Намедонам хато кардам ё на.
Вале дурдонаҳои ишқи покам,
Бувад дар ҳуққаи дил ҷовидона.
Зи ҳар дидори ту дунё фаромуш,
Ҳамон як лаҳза таркам мекунад ғам.
Ҳамегирам ҷаҳонеро дар оғуш,
Ба ин ҷисми заифу қудрати кам.
Наям ман булҳавас эй марди оқил,
Маро ишқи Худоӣ бо ту пайваст.
Тамаъ бо молу бо сарват надорам,
Маро аз ман ҷудоӣ бо ту пайваст.
Агар тақдири ман фирўзаранг аст.
Ки он ранги кабуди мотамӣ буд,
Бароям ҳадяи тақдири эй мард.
Ки аз тақдир сахои ҳотамӣ буд.
Июли соли 2007
Нишона
Нишони бенишониҳо нишона,
Умеди зиндагониҳо нишона.
Падар буд чашм дар роҳат шабу рўз,
Ки бошад духтаре ояд дилафрўз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё