Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Паси ҳам се писар омад ба дунё,
Барояш се сипар омад ба дунё.
Вале умеди духтар дар дилаш бурд,
Ҷойи духтар тиҳӣ дар манзилаш буд.
Гуле байни бародарҳо ба хона,
Шукуфтӣ духтари ҷонам Нишона.
Вале афсўсу вовайло дареғо,
Падар рўят надид шуд бенишона.
Падаратро рабуд ҷаҳли замона,
Бенишон карданд ўро ҷоҳилона.
Вале ҳаргиз ў нест бенишона,
Ки дорад се писар якто Нишона.
Агар будем ҳарду паршикаста,
Шудем имрўз ҳарду дилшикаста.
Агар чанде ки дар фикрам на ин буд,
Чӣ бояд кард ки тақдирам чунин буд.
Кунун дасти падар нест бар сари ту,
Падар гуянд чашмони тари ту.
Биё тан медиҳем бо амри тақдир,
Барои ҳардумон гар ҳаст мушкил.
Майи соли 1994

Толеъи вожгун
Дарду аламам ба дил нуҳўфтам,
З-ин пеши касе сухан нагуфтам.
Бастам чу ғунчае забонро,
Ҳар неку бадеро ки шунуфтам.
Ру тофта зи ман бахт имрўз,
Аз оташи ғам гирифтаам сўз.
Гардон чу моҳи осмонам,
То шаб гардад мубаддали рўз.

пешина
аз 75
навбатӣ