Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Дар чаман бишкуфта бод гулҳои мақсуди шумо.
Орзу доранд панҷоҳ духтари гулрўи ту,
Доимо бошад шукуфон чун гулситон рўи ту.
Дур бодо дарду ғам аз чеҳраи хандонатон,
Солиму бардам бодо ҷисми ту нерўи ту.
Гарчи як духтар шуморо дар диёри Амрикост,
Лек панҷоҳ духтари дигар шуморо муттакост.
Модарро, осуда бош рўзе башорат мерасад,
К-аз диёри Амрико рўзе Башорат мерасад.
Умратон сад солаҳо бодо тавил устоди мо,
То ба садҳо сол бурдан мо кафил устоди мо.
Кори неку номи некатро муҳофизем мо,
Бе ғараз панди накуят доимо дар ёди мо.
Марти соли 1998
Хайра мақдам
Хайра мақдам эй баҳори нозанин,
Сар кашиданд ҷамъи гулҳо аз замин.
Боз булбул нағмахонон омада,
Бар диёри тоҷики машриқзамин.
Ин заминро ҷон бахш фархундапай,
Чун табиатро туӣ султони ҳай.
Хокро бедор мегардон зи нав,
Хоки хоболудаи тирамоҳу дай.
Эй Худо наврўз ваҳдат оварад,
Ҳам вафову ҳам садоқат оварад.
Миллати овораву саргаштаро,
Ҷамъ гардонад муҳаббат оварад.
Рез эй борони пурфайзи баҳор,
Шуста кун оинаи дил аз ғубор.
Қалбҳоро тоза аз зангор кун,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё