Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кишти деҳқонро бидеҳ авҷу барор.
Бар машомам буйи гул ояд зи нав,
Мекунам шукронаи наврўзи нав.
Мерасад бар гўш овои ҳазор,
Гуиё гуянд муборак рўзи нав!
Марти соли 1994

Падар
Эй падар эй мояи фазлу карам,
Васфи номат то ба гардунҳо барам.
Кист он, ки ғайри ту андар ҷаҳон,
Мениҳад дасти мурувват бар сарам.
Эй падар эй шаҳсутуни хонадон,
Номи покат лоиқи сад достон.
Хомаам оҷизи тавсифат бувад,
Эй бузургу эй ҳалиму меҳрубон.
Қиблагоҳам баҳри ман танҳостӣ,
Баҳри ман чун ҷони ман яктостӣ.
Обуруву тахту бахту давлатам,
Чун зиё бар хонадони мостӣ.
Кони панду кони ақлу кони ҷуд,
Ин ҷабинам пеши поят дар суҷуд.
Мекунам шукрона, ки дорам падар,
Боз аз он шукрона, ки дорам вуҷуд.
Ҷисму ҷонам садқаи номи ту бод,
Гардиши офоқ бар коми ту бод.
Ҳастии ту иртифоъи бахти ман,
Нурфишон хуршед бар шоми ту бод.
Гар чӣ мўям ҳамчу ришат сап-сафед,
Гаштааст аммо дилам дорад умед.
То ки бошам ҳаст бошӣ эй падар,

пешина
аз 75
навбатӣ