Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Эй Худо ҳаргиз масозам ноумед.
Тоҷ бар сар нур бар чашмам падар,
Қарздорам аз ту мешермам падар.
Поси теморат ба ҷо новардаам,
Қуввати рўҳу дили гармам падар.
Қиблагоҳамро нигоҳ дори Худо,
Аз газанду офату шур дар паноҳ.
Бар касу нокас муҳтоҷаш макун,
Аз забуниҳо нигаҳ дораш, нигоҳ.
Майи соли 1997
Модар
Модаро чун ёди рўят мекунам,
Ёди он рўи накўят мекунам.
Дил ҳамехоҳад ба оғӯшат кашам,
Лек танҳо орзўят мекунам.
Чунки дури модарро аз пеши ман,
Ҳар каломат марҳаме бар реши ман.
Эй тасаллобахшу ғамогоҳи ман,
Эй ягона шахси хайрандеши ман.
Модаро эй давлати ноёби ман,
Медароӣ ҳар гаҳе дар хоби ман.
Кош соатҳо бубинам рўи ту,
Кош беанҷом будӣ хоби ман.
Ғамшарику меҳрубонам модарам,
Меҳрат андар ҷони ҷонам модарам.
Кош сер мегаштам аз дидори ту,
Ман чу ҷисму чун равонам модарам.
Марти соли 1997

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё