Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Дар вафои аҳлу авлодаш ҳамеша устувор.
Ман бимирам дар сафои чеҳраи нуроният,
Ман бимирам дар вафою ҳилму меҳрубоният.
Ҷон вақте ҷисми ранҷури туро падруд гуфт,
Нақш баста дар лабон гулхандаи имоният.
Шаҳсутуни хонадон имрўз нагун гардидааст,
Шаҳчинори хонадон аз зеру бун гардидааст.
Ман фидои қомати болои зебои падар,
Дар лаҳад он қомати зебо забун гардидааст.
Пир гардидию мўҳтоҷӣ кашиди бешумор,
Дар раҳи фарзандҳоят буд чашмони ту чор.
Ҳар якеро гаштаву баргашта мекарди суроғ,
Чун ба дидор мерасиданд мешукуфтӣ чун баҳор.
Киблагоҳи ман бузургу ҳоҷии ҳаҷкарда буд,
Аз табори сайидзода асл эшонзода буд.
Ифтихор аз бобу аз аслу насаб дорем мо,
Дар шабоҳат кўҳ буд ҳарчанд одамзода буд.
Беҳисоб мардум баҳри хайрбодат омаданд,
Аз барои дидани ин руи шодат омаданд,
Ашк мерезанд мардум ту табассум мекунӣ,
Бар Худо пайвастаӣ баҳри видоат омаданд.
Обруманду накукору накугуфтор буд,
Номдору хоксору марди беозор буд.
Зикри хайратро зи мардум мешунидам бешумор,
Файласуфе буд агарчанде, ки беосор буд.
Гавҳари яктою беҳамтои модар буд ў,
Яккаву танҳою беёру бародар буд ў.
Ман бимирам дар дили танҳои танҳоят падар,
Баҳри волидон зи ҷон ҳам бонуфзтар буд ў.
Эй Худованде, ки ҳам бахшандаию меҳрубон,
Манзилу маъвои ў бошад биҳишти ҷовидон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё