Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Юсуфи падар
Ба эшони Муҳтадихоҷа бахшида мешавад
Муҳтадихоҷа ниҳод номат падар,
То, ки бошӣ ҳодии уммулбашар.
Ҳам ҳалиму ҳам кариму меҳрубон,
Ҳам зи асли мардуми соҳибназар.
Бобу аҷдодат бузургон будаанд,
Роҳнамои садҳазорон будаанд.
Асл, асл боқӣ монад ҷовидон,
Ҳасти насли мардуми соҳибқирон.
Порсо Эшони Порсохоҷа буд,
Партави дин ҷадди Аҳмадхоҷа буд.
Маърифатпардозу худогоҳ буд,
Илму динро шуълаи мисбоҳ буд.
Ҳам Ғиёсиддин буд ҷадди шумо,
Ҳодии дин буд ин ҷадди абармарди шумо.
Ин ҳама аз пайрави аҳли тариқат будаанд,
Роҳнамову сарвари аҳли шариъат будаанд.
Хуш ба ҳолат аз чунин асл ба дунё омадӣ,
Гавҳари дарё будӣ аз умқи дарё омадӣ.
Ҳар, ки нашнохт қадри ту бешубҳа мегардад залил,
Ғам махур оташ гулистон аст ҳамеша бар Халил.
Ҳамраҳи доим бо илму ба ирфону амал,
Дини Ҳақ то он, ки бошад ҷовидону бехалал.
Мазҳаби Имоми Аъзамро ту бошӣ пуштибон,
Доимо гўйӣ зи ҷоҳил мазҳабамро аламон.
Дини Ҳақ аз гуфтану гуфтори ту гардад қавӣ,
Дар каломат тобише аз «Маснавии маънавӣ».
«Маснавии маънавӣ» маънии Қурон асту бас,
Ҳар, ки бо ў кор баст умраш нагардад барабас.
Чун ба поёни сухан гарчӣ расем поён нест,

пешина
аз 75
навбатӣ