Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зиндаҷудо
Ба духтарам Маҳваш
Чашми модар чор бар дидори фарзанд аст мудом,
Дидаву дил зори он фарзанди дилбанд аст мудом.
Эй Худоё раҳму шафқат бар дилаш эҷод кун,
Дину дунёяш ба нури раҳматат обод кун.
Мерасад рўзе ҳақиқат дастболо мешавад,
Нури Ҳақ бар дидаву бар дил ҳувайдо мешавад.
Мерасад рўзе, ки духтар ёди модар мекунад,
Ёди неки меҳри модар, ёди хоҳар мекунад.
Апрели соли 2019

Панди модар
Ба духтарам Маҳваш
Маҳвашам сомеъи панди модарат шав як даме,
То намонӣ дар ду гетӣ бепаноҳу ҳамдаме.
Доимо дар зикри Ҳақ бошу дуруди Мустафо,
Ҳеҷ гоҳ аз худ маяфкан пардаи шарму ҳаё.
Шарму иффат бар занон чун зевари қимматбаҳост,
Шарм дар бозори зиннат чун дуррест, ки бебаҳост.
Ҳам раҳи пурпечутоби зиндагӣ ҳамвор нест,
Ҳеҷ гулистони ҳаёте бехазону хор нест.
Бурдбориро ба худ кун пешае дар зиндагӣ,
Чун ба сахтӣ сабр кардӣ бошадат пояндагӣ.
Ҳамчу хуршед бо саховат бошу бо мардум бисоз,
Соиле гар бар дарат ояд навмедаш масоз.
Тарс аз қаҳри Худою аз дуои соилон,
То нагардӣ худ гадое бар сарои нокасон.
Кўш дар илму ҳунар з-ин ду нагардӣ хору зор,
К-аз ҳаводис холӣ набвад роҳҳои рўзгор.
Неши дунё бешумору нуши дунё кам бувад,
Қатрае бошад агар шодӣ чу дарё ғам бувад.

пешина
аз 75
навбатӣ