Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

КӯдаконНаврасонАфсона
Аз аввал хондан

Шаҳзода мегӯяд:
— Не, гӯш кун. Пирамард гуфтаст, ки дузд нестам. Ман як пирамарди камбағалу дардманд ҳастам. Аз мардум шунидам, ки касе зардолу хӯрда мурдааст. Ман ҳам хостам, ки тезтар мурам. Сер шуда зардолу мехӯрдам, ки боғбон маро дастгир кард. Лӯҳтакҷон, медонӣ чӣ?
Лӯҳтак мегӯяд:
— Не, намедонам.
Шаҳзода мегӯяд:
— Подшоҳ бехабар буд, ки боғбон барои пирамарди аввал, ки мурд, аз таги дарахт зардолу оварда буд ва мор онро заҳролуд карда буд.
Лӯҳтак мегӯяд:
— Ана, гап дар куҷост?
Шаҳзода мегӯяд:
— Эй дӯсти азиз, пас ҷавоб бидеҳу бигӯ, барои марги пирамард кӣ гунаҳкор аст?
Лӯҳтак мегӯяд:
— Албатта, боғбон. Вай аз болои дарахт бояд зардолу меовард, на аз таги он.
Шаҳзода мегӯяд:
— Офарин, дӯсти азиз, гапат дуруст аст.
Ҷавоби лӯҳтак ва тасдиқи Шаҳзода барои Меҳрмоҳ писанд наомад.
Меҳрмоҳ гуфт:
— Эй ҷавон, дӯсти худро донову донишманд мегӯӣ, вале ҷавобаш хато аст. Гунаҳкор боғбон нест, подшоҳ аст.
Шаҳзода мегӯяд:
— Чаро?
Меҳрмоҳ мегӯяд:

пешина
аз 264
навбатӣ