Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

– Баъд рамаро ба хонаи бой бурдам. Бойи шикамкалон ба гӯсфандҳои мисли фил нигоҳ накарда, чашмонашро даҳони коса барин кард.

Шаҳзода пурсид:
– Бой ба ғазаб омад?

Лӯхтак ҷавоб дод:
– Пурсид, ки канӣ хару ҳезуму алаф? Гуфтам, ки харро хоб бурд, ресмонро ба гамбӯсакҳо додам, халтаро ба мушак бахшидам. Бой хашмгин шуду як мушт ба сарам заданӣ шуд. Ман гуфтам, ки: «гӯсфандҳоятро бин, фил барин!» Зуд хобро даъват кардам: «Хоб ба ман ёрӣ деҳ, ки бой маро заданӣ!»

Меҳрмоҳ завқ бурда мепурсад:
– Хоб омада чӣ кор кард?

Лӯхтак мегӯяд:
– Хоб омаду ба бой часпид. Хоби бой бурд. Хешовандонаш омада бедор мекарданд, бедор намешуд. Зуд мушаку гамбӯсакҳоро даъват кардам. Мушак давида ба шиками бой баромаду куртаашро хоида-хоида ғалбер карду ришашро хоид. Гамбӯсакҳо саргинашонро ба сари бой рехтанд.

Меҳрмоҳ хандида гуфт:
– Баъд чӣ шуд?

Лӯхтаки кали масхарабоз гуфт:
– Баъд хобро ҷавоб додам. Хоб рафт. Бой бо чашмони варам аз хоб хест. Ришаш канда-канда хоидагӣ, куртааш ғалберу сӯрох-сӯрох, сараш пури саргин. Хешу табор, ҳамсояҳо аҳволи бойро дида, қаҳ-қаҳ механданд.

пешина
аз 264
навбатӣ