Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Меҳрмоҳ низ афти бойро тасаввур карда, қаҳ-қаҳ хандид. Ба хандаи вай шаҳзода ва лӯхтак низ ҳамроҳ шуданд. Ҳамин дам нурҳои аввалини офтоб ба хонаи Меҳрмоҳ даромад. Ӯ дид, ки рӯз шудааст, гуфт:
– Воқеан, аз шунидани ин афсонаҳои дилангез хоби ман парид. Ташаккур ба ту ҷавони лӯхтакбоз. Ту воқеан шартро бурдӣ, бо ин лӯхтакчаҳои ҷолиб дигар ту ҳамсару ҳамдами ман ҳастӣ.
Меҳрмоҳи доно, шаҳзодаи зирак бо лӯхтакҳояш ҳамдигарро ба оғӯш кашида, аз он замонҳои қадим то ба имрӯз барои кӯдакон афсона мегӯянд. Онҳо ба муроду мақсад расиданд, мову шумо ҳам расем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё