Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан- Ба гуфтан забонам намерад. Метарсам, ки қаҳратон меояд.
Подшоҳ бо ғазаб мегӯяд: - Зуд гӯй, чӣ гап!
- Занатон як кучукча зоид.
- Чӣ? Рост мегӯй?
- Бале, афсӯс, ки рост.
Фармон медиҳад, ки зану кучукчаро ба зиндон партоянд. Занро ба зиндон мепартоянд. Бечора Кокулзарӣ дар ҷангал аз гуруснагӣ доду фиғон мекунад. Ҳамин дам як оҳуи бачамурда Кокулзариро мебинаду омада, пистони пурширашро ба даҳони вай мегузорад. Ҳамин тавр, кӯдак шири ӯро хӯрда калону роҳгардон мешавад. Як рӯз зани калонии подшоҳ хоб мебинад, ки Кокулзарӣ зинда аст. Хобашро ба зани дуюми подшоҳ мегӯяд. Ҳар ду метарсанду зуд Золакаро даъват мекунанд. Зани калонии подшоҳ бо ғазаб гуфт: - Эй Золаки аҳмақ, чаро кӯдакро нест накардӣ?!
Золак бо тарсу ҳаяҷон гуфт: - Росташро гӯям, дилам ба кӯдак сӯхту ба ҷангал партофтам. Ҳозир мераваму пайдош карда, нобудаш месозам.
Зани калонӣ бо асабоният гуфт: - Зуд рав ба ҷангал, хабар гир. Ман хоб дидам, ки Кокулзарӣ зинда аст. Зуд пайдо куну нобудаш соз. Вагарна подшоҳ фаҳмад, ки вай зинда аст, ҳар сеямонро мекушад.
Барояш боз як табақ тилло медиҳанд. Золак ба ҷангал мераваду мебинад, ки Кокулзарӣ давида-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё