Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Давида мегардад. Оҳиста наздаш меояду ӯро бардошта ба бозор меравад, раҳмаш меояду шиками кӯдакро сер мекунад. Баъд аз усто як сандуқ мехарад. Кокулзариро ба сандуқ андохта ба лаби дарё мебарад. Сандуқро ба дарё мепартояд. Дар дил мегӯяд, ки бечораро моҳиҳо мехӯранд. Сандуқ дар рӯи об рафтан гирифт. Хеле рафта буд, ки аз пешаш як моҳигир баромад. Моҳигир дар дилаш гуфт, ки Худо дод. Зуд либосашро кашида, шино карда ба тарафи сандуқ рафт. Сандуқро кашида баровард. Кушода дид, ки дар дарунаш як бачаи хушрӯи Кокулзарӣ. Моҳигир бефарзанд буд, Кокулзариро аз сандуқ бароварда, ба хонааш оварда, парвариш кард. Бача калон шуд.
Кокулзарӣ барои моҳигир дастёри хуб шуд. Ӯ суруд хонданро дӯст медошт. Овозаш хеле форам буд. Моҳигир моҳӣ медошту бача сурудхонон ба бозор бурда мефурӯхт. Мардум моҳии Кокулзариро зуд мехариданд. Як рӯз занҳои подшоҳ ба бозор омаданду Кокулзариро дида шинохтанд. Айнан худаш. Бача калонак шудааст. Онҳоро воҳима зер кард, ки агар подшоҳ фаҳмад, ҳолашон табоҳ мешавад. Аз тарсу ваҳм ба хонаи ҳамон золак омаданду гуфтанд:
— Ту, беваи бадбахт, чаро Кокулзариро нест накардӣ?
Золак гуфт:
— Ба Худо, ба сандуқ андохта ба дарё партофта будам.
— Мо намедонем ту чӣ кор кардӣ, вале Кокулзарӣ дар бозор моҳӣ мефурӯшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё