Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан- Эй гурба, ман бароят рост мегӯям, ки ту душмани ман ҳастӣ. Ман бояд аз ғами ту шод бошам. Ҳамин ки туро медидам, мегурехтам ва аз худо мехостам, ки ту ба балое гирифтор шавӣ. Вале имрӯз ман, аз ростӣ, шарики ғами ту ҳастам. Ман метавонам торҳои банди пои туро бо дандонҳоям хойида озод кунам. Бубин, ман аз чанд тараф ба бало гирифтор ҳастам. Ҳам як ҳайвони мушхӯр ва ҳам зоғе дар шикори ман ҳастанд. Ҳоло ман, ки ба ту наздик шуда, ин суханҳоро мегӯям, онҳо низ аз ман дур мешаванд. Фақат ту ҷавонмардона ба ман ваъда деҳ, ки пас аз кушодани банди поят ту ба ман зарар нарасонӣ.
Гурба ҳам аз шунидани ин суханон ба фикр рафт. Аз як тараф, дилаш мехост, ки мушро нӯши ҷон кунад, аз тарафи дигар, пояш дар банду ҷонаш дар хатар аст. Маккорона гуфт:
- Ман фикр мекунаму дар ҳайрат мемонам, ки байни мушу гурба ҳеҷ замоне ошноӣ набуд. Метарсам, ки ту ба ман бовар накунӣ.
Муш аз ин гуфтори гурба ризояти ӯро ҳис карда, шод шуду гуфт:
- Не-не, гурбаҷон, ман рост мегӯям, як фикр кун, ҷони ман ҳам дар хатар асту ҷони ту ҳам. Ҳар ду ҳам мехоҳем зиндагӣ кунем. Пас, чаро аз хирад баҳра набарем. Ҷангу куштору ба якдигар бовар накардан чӣ лозим аст? Зудтар бош, ки он ду тан ба ман ҳамла накунанд.
Гурба гуфтаҳои муши зиракро шунида бовар карда, ин сулҳро барои наҷоти ҷони ширинаш муносиб донисту гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё