Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан
  • Эй муш, ман розиям, бигӯ, ман бароят чӣ кор кунам?

Муш аз ин сулҳ шод шуду гуфт:

  • Бингар ба он ду душман, ки ба ман менигаранд. Онҳо ҳамин замон маро хӯрданианд. Аз ту хоҳиш ҳамин, ки баробари ба ту наздиктар шуданам ту аз ҷоят нимхез шаву ба ман таъзим кун. Онҳо ин эҳтироми туро мебинандӯ аз ин ҷо мераванд. Ман аз дасти онҳо наҷот меёбам ва бо оромии том пои туро аз банд озод мекунам.

Гурба розӣ шуд. Муш ба гурба хеле наздик шуд. Гурба ҳам ба ӯ таъзим кард ва аз аҳволи ӯ пурсон гашт. Он ду ҷонвар, ки дар шикори муш буданд, пас аз дидани ин ҳолат умед аз шикори худ кандандӯ аз он ҷо рафтанд. Муш бодиққат ба он ду душманаш нигоҳ кард, ки рафтанд. Омад ба назди пои бастаи гурба ва оҳиста-оҳиста бо дандони тезаш ба хоидани ресмони дом шурӯъ кард. Зимнан фикр мекард: «Аз ду душмани қаттол як бало карда халос шудам. Аз инаш чӣ тавр наҷот ёбам? Ман пои ӯро пурра аз банди дом кушоям, ногоҳ вай ба ман ҳамла кунад, пас чӣ кор бояд кунам?» Гурба ҳам ҳис кард, ки кори кушодани пои ӯ оҳиста пеш меравад. Вай низ худ ба худ гуфт: «Муш пои маро накушода гурезад, пас аҳволи ман чӣ мешавад?» Гурба ба муш рӯ оварда гуфт:

  • Эй муш, ман гуфти туро кардам. Вале ту ба аҳдат вафо намекунӣ. Чаро ба оҳистагӣ банди пои маро мекушоӣ?

Муши зирак зуд гурбаро тасалло дод:

  • Эй гурба, бале, ман ба аҳдам вафодор ҳастам. Дар дунё беҳтарин чиз вафодорӣ аст. Агар касе
пешина
аз 264
навбатӣ