Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Гов гуфт:
– Ғам нахӯр, зиқ нашав, босабр бош. Ҳамаш хуб мешавад. Пӯстро аз охур берун барор. Баъд чашматро пӯшида кушо.

Маҳтоб пӯсти устухони говро аз охур берун мебарораду чашматро пӯшида мекушояд. Дар пешаш як аспи Гулбодом, як либоси нестан-дарҷаҳон, як ҷуфт кавши тиллоӣ пайдо мешавад. Маҳтоб инҳоро дида дар ҳайрат мемонаду ба охури гов мегӯяд:
– Ташаккур, ман инҳоро чӣ кор кунам?

Садо мебарояд:
– Ҳамун дастрӯймолро ҳафт бор ба болои арзану биринҷ гирд гардон. Баъд ба хона мусичаҳо меоянд, арзану биринҷро ба пешашон гузор, то омадани ту онҳо ҷудо мекунанд. Ин либосҳоро пӯшида ту ҳам ба тӯй раву хурсандӣ кун.

Маҳтоб ҳамин корҳоро карда, либосҳоро пӯшида, ба аспи Гулбодом савор шуда, ба тӯй рафт. Ба асп қамчин расонда буд, ки ба осмон париду дар як дам ба тӯйхона расид. Ҳама ин маликаи зебои аспсаворро дида, дар ҳайрат монданд. Занҳо «ана духтари подшоҳ омад» гӯён, Маҳтобро ба пешгаҳи хона гузаронданд. Маҳтобро Моиндору Чаҳтоб нашинохтанд. Як тараф карнаю сурнай, як тараф корвони Рустам, як тараф масхарабозӣ, як тараф доиразанӣ, як тараф дорбозӣ, як тараф рақсу бозӣ. Базми ҷамшедӣ тамом шуду Маҳтоб аз ҳама пеш аз ҷой бархост. Ба ҳурматаш ҳама хестанду гуселаш карданд. Ба аспаш савор шуду рафт. Роҳашро дигар кард. Аз пешаш як дарё баромад. Асп бо шаст аз дарё парида буд, ки Маҳтоб як такон хӯрду

пешина
аз 264
навбатӣ