Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Ромада дар ҷустуҷӯи моҳ мераваду дигар барнамегардад. Ҷони шумо ҳам халос. Тақдир ҳам тадбир мешавад. Баъд духтаратонро ба ягон одами муносиб медиҳед.

Ин гап ба подшоҳ маъқул шуд. Миршаб фиристод. Ғуломро овард. Вазир ба ғуломи дари хонаи подшоҳ гуфт:

– Подшоҳ туро аз ғуломӣ озод мекунанд.
Солҳо нону намаки ин касро хӯрда калон шудӣ.
Акнун ба тарафи ҳамон моҳ рав. Рафта барои подшоҳ ҳамон моҳро гирифта биё. Бе моҳ барнагард. Агар худо накарда бемоҳ баргардӣ, тамом, сарат аз танат ҷудо мешавад.

Моҳ куҷою гап куҷо. Ҳукми подшоҳ воҷиб.
Ғулом аз як тараф шод шуда дар дил гуфт, ки хайрият, аз ғуломӣ озод шудам. Аз тарафи дигар ғамгин. Ғамгин аз он буд, ки моҳро чӣ тавр меорад. Ночор гуфт:

– Хуб шудаст, ба ҷону дил, шоҳи олам.

Баромаду рафт. Рафту даррав ҷоруку пайтоба, либосҳои чанда пӯшида, як кулоҳи даридаро ба сараш гузошт. Дар хӯрчин нони қоқ, ба дасташ як калтак гирифт. Ба як асп савор шуда, пагоҳии барвақт баромада рафт. Дар роҳ аз асп фуромаД.
Аспашро дар як алафзор баст. Дар сари санге нишаст. Камтар гиря карду баъд аз дил гузаронд, ки «моҳро чӣ хел ва аз куҷо меорам?».

Боз ба аспаш савор шуду рафтан гирифт.
Нисфи рӯз шуд. Дар ягон ҷо об нест. Ба як ҳавз расид. Дид, ки ҳавзи калон, вале об надорад.
Ҳайрон монд. Чор гӯшаи ҳавз кам-кам аз нур ҷило медиҳад. Ҳамин дам аз ҳавз садо мебарояд:

пешина
аз 264
навбатӣ