Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
– Эй ҷавон, ба куҷо меравӣ?
– Барои овардани моҳ – ҷавоб медиҳад бача.
– Аз ту хоҳиш; аз моҳ пурсон шав, ман ҳавзи пуроб будам. Дар чор гӯшаи ман чизе гӯр карданд ва оби ман қоқ шуд. Чаро ин тавр шуд?
Ҷавон ҳам:
– Хуб шудааст – гуфту ба аспаш савор шуда, боз рафтан гирифт.
Рафт, рафт, рафту аз аспаш фуромад. Аспро ба як бутта баст. Дам гирифт. Нон хӯрд. Ба даргоҳи Худо нола карду боз ба аспаш савор шуда рафт. Дар роҳ мерафт, ки аз тарафи рост як дарвоза баромад. Дарвоза кушода. Фуромаду гуфт, ки «шояд дар ҳамин ҳавлӣ об бошад». Ба дарвоза даромад. Даромада ин тараф, он тарафро нигоҳ кард, ки касе нест. Боз каме дарунтар рафт, ки ба пешвозаш як бобо баромаду гуфт:
– Биёед-биёед, бачем. Марҳамат, аз асп фуроед.
Бобо аспи бачаро гирифта ба саисхона дароварда, ба мех баст. Имшаб бача меҳмони ҳамин бобо шуд. Бобо меҳмондорӣ кард. Як луқма нону як каме атола-матола, ки бобо дошт, хӯрданд. Бачаро зуд хоб бурд. Пагоҳӣ барвақт аз хобаш хесту ба роҳ баромаданӣ шуда буд, ки бобо пурсид:
– Бачем, сафар ба хайр? Шумо ба куҷо меравед?
– Бобоҷон, ман барои овардани моҳ меравам – гуфт бача.
Бобо дар дилаш гуфт, ки «ин бача бисёр одами худобохабар будааст, ба моҳ мерафтааст. Шаб гап ҳам назад, сири дилашро ҳам нагуфт, худаш медонаду Худо. Ҳар кас ба моҳ намеравад». Баъд бобо ба бача гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё