Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
— Бобо, боғро диҳед ба ин одамони нек, то пойбел кунанд.
Ҳама дар як дам боғро пойбел мекунанд. Баргҳои тиллоӣ мерезад. Боғ дар се рӯз ҳосил медиҳад.
Баъд ба сари ҳавз меояду мегӯяд:
— Чор кунҷи ҳавзро канед. Мекананд. Аз чор кунҷи ҳавз чор хум тилло мебарояд.
Ҳамаи инҳо тилисм шуда буданд. Тилисм шикаст. Бобо мегӯяд:
— Бачам, ҳамин ватан аз шумост. Шумо ба ман фарзанд.
Ин одамони рӯз одаму шаб саг, ки хизматгори бача шуданд, ҳунарманд буданд. Тамоми кори дунё метавонистанд. Дар як муддати кӯтоҳ дар ин макон аз он тиллову ҷавоҳирот як қасри боҳашамат сохтанд. Ҳама хушу хурсандона дар ин қаср зиндагӣ карда гаштанд.
Аз байн чанд сол мегузарад. Баъд даҳан ба даҳани мардум то ба подшоҳ мерасад, ки як бача ба дарди одамони фалон макон, шаб сагу рӯз одам буданд, даво ёфтааст. Ба дарди онҳо даво, ба ранҷашон шифо бахшидааст. Ҳафт сол саг буданд, ҳоло одам шуданд. Ин бача чандин тилисмҳоро кушода, қасри зебое сохта зиндагии хуш дорад.
Ин гапҳо ба гӯши подшоҳ мерасад. Подшоҳ фармон медиҳад, ки ин тавр бошад, вайро ҳокими макони худ интихоб намоянд. Ҳарчанд бача ризо намешавад, вале мардум ӯро ҳокими шаҳри худ интихоб карданд.
Баъд пирони шаҳр гуфтанд, ки подшоҳ як духтар дорад, ҳокими мо ҳам зан надорад, моҳон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё