Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Хостгорӣ меравем. Подшоҳ намедонад, ки ин бача ҳамон ғуломаш аст.
— Ман лоиқи духтари подшоҳ нестам – мегӯяд.
— Не, моҳон меравем – мегӯянд.
Бо аспу шутур тиллову тангаро бор карда ба хостгорӣ рафтанд. Подшоҳ аз гуфти хостгорҳо фаҳмид, ки як ҷавони накӯкор. Розӣ шуд.
Омада ба бача гуфтанд, ки:
— Подшоҳ ба шумо духтарашро доданӣ шуд.
— Не, ман намеравам – гуфт.
Маҷбуран либосҳои озода пӯшонда, тиллову тангаи зиёд гирифта рафтанд.
Ба тахти подшоҳ бурданд. Подшоҳ дид, ки як ҷавони хушқаду қомат ба оғӯш кашиду гуфт:
— Хуш омадед, домоди ман.
Духтарашро тӯю тамошо карда дод. Бачаву духтари подшоҳро ба ҳамон маконе, ки вайро ҳоким таъин карда буданд, оварданд. Ин бача ба иззату эҳтироми мардум соҳиб шуд. Пас аз нуҳ моҳу нуҳ рӯзу нуҳ соат Худо ба инҳо як писар ато кард.
Подшоҳ аз шодӣ ба дидани наберааш омад. Бача подшоҳро бо иззату эҳтиром дар сарҳавзи зебо ҷо кард. Дам гирифта шишта буданд, ки подшоҳ аз бача саргузашташро пурсид. Бача ҳар чизи аз сараш гузаштаро нақл кард. Подшоҳ гузаштаи бачаро шунида, ҳамаашро фаҳмида, ҳайрон монду гуфт: «Бале, тақдирро тадбир карда намешудааст».
Ана ҳамин хел, онҳо ба муроду мақсад расиданд, мову шумо ҳам бирасем.

пешина
аз 264
навбатӣ