Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

ҲУНАР – ЗАР, БЕҲУНАР – ДАРДИ САР

Буд, набуд, будгор буд,
Замин набуд шудгор буд.
Як бобои арзанкор буд,
Арзанакаш нокор буд.
Давидему давидем,
Аз ҷӯи калон ҷаҳидем.
– Мо нимта чидем,
– Мо якта чидем.
– Нимта бошад як афсона гӯед,
– Якта бошад ду афсона гӯед.
– Нимта, ки чидам, як афсона мегӯям.

Буд, набуд, дар замонҳои қадим як подшоҳ буд. Ин подшоҳ хеле мағруру худписанду мардумозор буд. Ғайр аз худаш касеро одам намеҳисобид. Гумон мекард, ки ҳама чизи олам ба вай вобаста аст. Агар вай набошад, дунё вуҷуд надорад. Подшоҳ чанд зан дошт. Занҳояшро маломат карда мегуфт:
– Ман набошам, шумо ҳеҷ ҳастед. Тамоми савлату карру фарри шумо аз ман аст. Ҳама чизро аз ман бихоҳед.
Ҳама занҳо сари таъзим фуроварда мегуфтанд:

пешина
аз 264
навбатӣ