Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Об, дар пистонакам шир овардам, дарро кушоед.
Таҳшинак, ки ҳамеша дар дами дар менишаст, дарро мекушод. Бузакро дида аз хушҳолӣ Алӯла-ку Булӯлак медавид, Хиштаки Сари Танӯрак меҷаҳид, Тоқчапарак мепарид, Болошинак мерақсиду бузичаҳо гирди очаашонро гирифта, ширу обу алаф мехӯрданд.
Дар яке аз рӯзҳо, як бегоҳӣ аз дари хонаи бузак як рӯбоҳ, як шагол ва як гург мегузаштанд. Онҳо ногоҳ бузро диданд, ки аз саҳро баргашта, дар паси дар истода бо забони ширин ба бачаҳояш мегуфт:
– Алӯлакам, Булӯлакам, Хиштаки Сари Танӯракам, Тоқчапаракам, Мехҷапаракам, Болошинакам, Таҳшинакам, дарро кушоед! Дар шоҳакам алаф, дар даҳонакам об, дар пистонакам шир овардам, дарро кушоед.
Бузичаҳо дарро кушоданд. Бузак ба хонааш даромад. Инро рӯбоҳу шаголу гург диданд. Ҳар кадоме ба таври худ фикр карданд, ки фардо буз ба чарогоҳ меравад, ба хонаи буз рафта бузичаҳоро фириб карда, оварда мехӯрем.
Рӯзи дигар саҳари барвақт ҳар се бо се роҳ ба хонаи бузак омада, поида истоданд. Диданд, ки бузак баромада ба саҳро меравад.
Рӯбоҳи чаққону маккору хушёр зуд ба ин тарафу он тараф нигоҳ карда, давида ба паси дар омада, дарро тақ-тақ-тақ мекунад. Бузичаҳо ҷаҳида парида ба паси дар омаданд. Рӯбоҳ ба овози бузак тақлид карда гуфт:
– Алӯлакам, Булӯлакам, Хиштаки Сари Танӯракам, Тоқчапаракам, Мехҷапаракам, Бо-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё