Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

НаврасонАфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

— Ту авлоди кистӣ? Ту аз куҷо мешавӣ?!
Дар ҷавоб Сӯҳроб бо ғурур мегӯяд:
— Ту наслу насаби манро пурсида чӣ мекунӣ?
Сӯҳроб бо ғурур Рустамро ба болои сараш мебардорад. Ҳамин дам Рустам мегӯяд:
— Паҳлавонҳо сар дода, сар дода гӯштин мегиранд.

Сӯҳроб сар медиҳад. Рустам паҳлавони рӯйи ҷаҳон буд. Ин ғуруру ҷасорати Сӯҳроб Рустамро асабонӣ карду аз дил гузаронд: «Ӯҳ! Аз ин мурам, беҳтар аст!». Рустам аз ору номус писараш Сӯҳробро ба замин ғалтонда, бо ханҷар мезанад. Ҳамон дам Сӯҳроб мегӯяд:
— Ҳой, номард! Маро фиреб кардӣ! Ҳоло падарам Рустам шунавад, қасди маро мегирад.

Рустам аз ин гап дар ҳайрат мемонад. Ханҷар дар бадани Сӯҳроб, Рустам бо ҳаяҷон мегӯяд:
— Чӣ? Падарат Рустам... падар... Рустам...
Сӯҳроб бо садои канда-канда боз мегӯяд:
— Ман бачаи Рустам.
Рустам мепурсад:
— Чӣ далел дорӣ?

Сӯҳроб ба бозубанди бозуяш ишорат менамояд. Рустам бозубандро дида, дуди фиғонаш ба фалак мепечаду ба навкаронаш ба овози баланд муроҷиат мекунад:
— Нӯшодоруууу!!! Писарам! Сӯҳробам, нӯшдору биёред!!!
Сӯҳроб мемурад. Рустам мегиряд, менолад, ду даста ба сару синааш мезанаду мегӯяд:
— Бачаи худамро худам ба ханҷар задам!

пешина
аз 264
навбатӣ