Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
— Барои ман бисёр ҷолиб, ман ҳаргиз надидам.
— Дар оянда бисёр хоҳӣ дид.
— Магар намешавад, ки ин ҳамёнҳо барои кишти замину ҳифзи кишвар дода шавад?
Ин сухан Пиронро хуш омад.
— Албатта, мешавад. Марҳамат, ба кабоб.
Пирон ба назди Афросиёб омада, оҳиста мегӯяд:
— Ба назарам авлоди паҳлавон аст.
Афросиёб гуфт:
— Санҷ. Пурсуҷӯ кун.
Он рӯз Барзу ба назди модараш рафта, дар дарбор дидаҳояшро ҳикоят мекунад. Аммо Пирон зуд ҷосусонашро ба ҳар тараф фиристода, дар муддати кӯтоҳ маълум мекунад, ки Барзу писари Сӯҳроб аст. Ба Афросиёб хабар медиҳад. Ҳар ду машварат мекунанд, ки Барзуро ба лашкар оварда, бар муқобили Рустам омода бояд кард. Пирон ва Афросиёб дар ташвиш мешаванд, ки агар бобою набера ҳамдигарро пайдо кунанд, вазъи мо хароб мешавад.
Пас аз чанд ҳафта ба модари Барзу ҳадяҳо мебаранд. Бо иҷозати модар Барзуро ба дарбор оварда, ба таълими ӯ мепардозанд. Барзу зуд тамоми ҳунарҳои аспдавонӣ, шамшербозӣ, гурз задан, гуштӣ гирифтанро ёд мегирад. Акнун фурсати он мерасад, ки ӯро бар зидди бобояш бар ҷанги Рустам баранд. Шаҳноз фаҳмид, ки писараш ба ҷанги эрониён меравад. Дар дил мегӯяд, ки кош, қасди падарро гирад.
Барзу хеле тануманд буд. На ҳар либос ба тани ӯ мувофиқ буд. Модар аз даруни сандуқи худ ли-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё