Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

«Лаънат ба ту, эй паҳлавон. Магар орӯ номус надорӣ, хирад надорӣ? Маро дар ҷанг нагирифтӣ. Гурзи худам ба гарданам зад. Баста ба зиндон бурдӣ. Магар имрӯз боз маро заҳр дода куштанӣ ҳастӣ?! Агар ман бо заҳр мемурдам ин нанг то абад ба пои ту баста мешуд. Туро паҳлавони ҷаҳон мегӯянд, вале ту номардона маро бо заҳр куштанӣ ҳастӣ!»

Рустам ин номаро хонда Завораро сахт сарзаниш мекунад. Ӯро аз надаш дур меронад. Худаш бо хӯрок ба назди Барзу меояд. Аввал аз он худаш мечашаду баъд ба Барзу пешкаш мекунад ва мегӯяд:
— Ин корро ман накардам. Касе, ки кард ҷазояшро гирифт.

Чил рӯз мегузарад. Барзу ҳам ба лашкари Афросиёб хабар медиҳад, ки аз зиндон озод шудааст.
Фалон рӯз набард аст. Афросиёбу Пирому лашкараш ба Балх, ба як тарафи майдон расида омаданд. Дар тарафи дигари набардгоҳ Рустам бо паҳлавононаш омад. Набарди ду паҳлавон сар шуд. Ҳар ду гӯштин гирифтанд. Ба майдон давр зада чанд бор даст ба гиребон шуданд. Яке Барзуи ҷавон бо як давидан Рустами пирро ба боло мебардорад. Рустам ба таҳлука меафтаду мегӯяд:
— Паҳлавонҳо сар дода, сар дода мегиранд.
Майдонро гирд гашта гӯштин мегиранд.

Барзу ҳам мардона сар медиҳад. Ҳамин дам
Рустам пояшро ба замин такя дода, якбора бо
фириб Барзуро ба оғӯш кашида, бардошта ба замин мезанад. Ба замин мезанаду тарсида аз дил

пешина
аз 264
навбатӣ