Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

— Гӯш кун, зан. Ба назди миршаб рав. Вай дӯсти ман аст. Ман бароиш борҳо ҳадяҳо додам. Ҳамеша мегуфт, ки агар мушкиле пеш ояд, ба ман муроҷиат кун. Раву бароиш гӯй, ки мулло ҳазор танга тиллои шавҳарамро намедиҳад, онро аз вай гирифта деҳ.

Зан ба хонаи миршаб мераваду бо забони ширингу ибораҳои рангин бароиш асли воқеаро мефаҳмонад. Миршаб мебинад, ки дар рӯ ба рӯяш як зани фаришта истодааст. Тири ишқаш дилашро сӯрох мекунад. Ин зебоиро дида ҳуш аз сараш мепарад. Мафтуни ин зан мешавад ва мегӯяд:

Эй зан, ман аз ин муллои нобакор зари туро гирифта медиҳам. Лекин гӯш кун, шавҳари ту нобино, фартут, бекора шудааст. Биё, ҳамдаму ҳамнишину ҳамхобаи ман шав.

Зани покдомани заргар ин гапро шунида бо нафрат ба миршаб мегӯяд:

— Агар заргар бимураду ман танҳо бимонам ҳам ба кори бад нахоҳам рафт. Ту миршаби шаҳр ҳастӣ. Мардум ба пеши ту оянд, ту бояд ба додашон бирасӣ. Ба ивази он, ки одамони бадкорро сарзаниш кунӣ ва адаби онҳоро бидиҳӣ, аз мардум тамаъ меҷӯй? Ту ибилиси шайтонӣ!

Зан аз ҷой хеста аз хонаи миршаб ба берун меравад. Миршаб ҳам ин суханро шунида асабонӣ мешаваду мегӯяд:

— Гум шав аз назарам! Ман ҳеҷ гоҳ ҳазор тангаи тиллои шавҳаратро намеситонам. Мурдаю кафанат ба худат насиб кунад.

пешина
аз 264
навбатӣ