Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Зани дилшикаста, бо ҳазорон дарду алам ба хона, ба назди шавҳараш омада гуфт:

– Миршаб мегӯяд, ки дар вақти додани ҳазор танга тилло ман шоҳид абошам, аз куҷо донам.

Заргар ҳайрон монд, намедонист, ки чӣ кор кунад. Яке ба ёдаш ҳокими шаҳр расид. Ба занаш гуфт:

– Гӯш кун, зани меҳрубонам. Ба назди ҳокими шаҳр бирав. Вай дӯсти бисёр хуби ман буд. Ҳар бор, ки барои зану духтараш гӯшвораю гарданбанд месохтам, шод мешуд. Мегуфт, ки ҳар мушкиле ба сарат ояд, ман омадаам. Рав, барояш воқеаро бигӯ, шояд вай аз мулло ҳазор танга тиллои маро гирифта диҳад.

Зани бечора сухани шавҳарашро ба замин нагузошта ба назди ҳокими шаҳр меравад. Ҳоким ӯро хуш мепазирад. Баробари дидани ин зани моҳлиқо ақл аз сараш мепарад. Ин гуна зани зеборо дар умраш надида буд. Омода буд, ки тамоми дилу ҷонашро қурбони ин моҳҷабин намояд. Занро ба гап гирифт. Аз аҳволи заргар пурсон шуд. Ба дилаш гуфт, ки шавҳари нобинои фартут ба кӣ даркор, ин занро ман бояд азхуд кунам. Ҳоким ба зан гуфт:

– Эй зани фаришта, бо як дидан маро куштӣ. Ман мушкили туро осон мекунам. Он ҳазор тангаи тиллоро аз ин муллои фиребгар гирифта медиҳам. Худам ҳам тамоми умр хизматгорат мешавам. Биё, бо ман, эй дилфиребу дилоро, гузор он заргари нобиноро.

пешина
аз 264
навбатӣ