Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Хеле машварат карданд. Ҳеҷ кадомаш маъқул нашуд. Билохира, муш пешниҳод кардааст:
– Медонӣ чӣ?
Қурбоққа гуфт:
– Чӣ?
Муш, гӯё кашфиёт карда бошад, гуфтаст:
– Як риштаи дарози мустаҳкамро пайдо карда як нӯғашро ба пои ман ва нӯги дигарашро ба пои ту мебандем. Ҳар боре ки ман ба берун бароям, риштаро мекашам, ту давида мебарой, ҳар боре ки ту ба берун барой, ту риштаро мекашӣ, он гоҳ ман давида мебароям.
Дӯстон аҳду паймон карданду ба пойҳои худ нӯгҳои риштаро бастанду рафтанд. Ҳар ду хурсанд буданд, ки корашон осон шуд. Бо барбари кашидани ришта зуд ба берун баромада суҳбат мекарданд.
Рӯзе муш нисфирӯзӣ аз сӯрох берун баромаду хост, ки риштаро кашаду қурбоққаро ба мулоқот даъват кунад. Ҳамин дам аз куҷое зоғи алое пайдо шуду қар-қар-қар карду мушро ба чанг дароварда ба осмон парид. Муш дар даҳони зоғ, дар нӯги дигари ришта қурбоққа ҳам ба ҳаво овезон. Ҳамин ки зоғ ба боло парид, мардум ба тамошо баромада ҳайрон монданд. Мебинанд, ки як зоғ қурбоққаеро дар ришта баста шикор кардаст. Байни худ мегуфтанд:
– Зоғ ҳаргиз қурбоққаро шикор намекард, чаро ин тавр шуд?
Қурбоққаи дар ришта кашол, ин гуфтаи мардумро шунида ҷавоб додаст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё