Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

КӯдаконНаврасонАфсона
Аз аввал хондан

Буд, набуд, як саъба буд. Саъба солҳо фарзанд надошт. Дар яке аз солҳо саъба дар шохи дарахте як лонаи зебо сохту чанд дона тухм кард. Шабу рӯз дар болои тухмҳояш хоб карда, чанд бача баровард. Бачаҳояш чурук-чурук-чурук хӯрок мехостанд. Саъба барои овардани хӯрок ин тарафу он тараф парвоз намуда, дар даҳонакаш ҳар чӣ меовард. Оварда ба даҳони бачаҳояш мегузошт. Бачаҳо чурук-чурук-чурук аз даҳони очашон хӯрокро гирифта, мехӯрданду ором мешуданд.

Аз байн чанд рӯз мегузарад. Дар як рӯзи ҳавои гарм аз куҷое филе омада, худро ба сояи он дарахт гирифта, хоб кардани мешавад. Фили бефаросат дароз кашида ба ин тарафу он тараф паҳлу зада, худро ба он дарахт мемолад. Ҳар бор, ки фил худро ба дарахт мемолад, дарахт меларзаду хасҳои лонаи саъба ба замин меафтаду вайрон мешавад. Бачаҳои саъба талап-талап-талап ба замин афтода мемуранд.

Саъбаи бечора зор-зор гиря кард. Ба фил лаънат хонд, ки бачаҳои дӯстрӯяки хушрӯяки ӯро аз дарахт ғалтонд. Саъба бо асабоният ба фил гуфт:
— Эй фили ноинсоф, ту чӣ кор кардӣ? Чаро ба таги дарахт омада худатро ба он мемолӣ? Магар надидӣ, ки дар болои он ман лона дорам? Ту ба-

пешина
аз 264
навбатӣ