Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
ДУ БУЗИЧАИ ШӮХ
Буд, набуд, будгор буд,
Замин набуд, шудгор буд.
Ду бузичаи ҳушёр буд.
Ҳар ду ҳам беқарор буд.
Ин бузичаҳо бисёр шӯх буданд. Онҳо дар як сабзазоре, дар ду тарафи як ҷӯйборе чарида, давида, парида, бозӣ карда мегаштанд. Бузичаҳо хостанд, ки ба якдигар наздик бошанд. Як ҷо чарида, давида, парида, бозӣ карда гарданд. Барои ҳамин яке ба дигаре садо кард:
— Ӯй, ҷӯраҷон! Биё, ба ин тарафи ҷӯйбор! Ҳамроҳ чарида, давида, парида бозӣ карда мегардем.
Бузичаи дигар гуфт:
— Хуб шудааст.
Оби ҷӯйбор зиёд буд. Бузичаҳо аз ҷӯй гузашта наметавонистанд. Он тарафтар кӯпруки борике буд. Базӯр як кас мегузашт.
Ҳар ду бузича давида-давида, парида-парида баробар ба кӯпрук наздик шуданд. Дар як вақт ба болои кӯпрук баромаданд.
Бузичаҳо дар мобайни кӯпрук бо якдигар рӯ ба рӯ шуданду дар болои ҳамин кӯпруки борикак ба бозии шоҳзанӣ шурӯъ намуданд. Яке ду пои пешашро боло карда, бо шоҳҳояш ба дига-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё