Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан- Ҳа, чӣ шуд, хоҳарҷон? — мегӯяд.
Хоҳараш ҷавоб медиҳад ки: - Акаҷон, дар дунё як оинаи ҷаҳоннамо будааст. Вай тамоми оламро нишон медоаст.
Акаш асабонӣ мешавад. - Ту охир сари маро барбод медиҳӣ.
Духтар ба гиря медарояд. Боз раҳми акааш меояду ба сафар мебарояд. Барои туҳфа ба девкампир чанд оҳу шикор мекунад, бузголаву барра мегираду меравад. Девкампир Заркокулро дида мегӯяд:
- Ҳа, писарам, боз чӣ гап?
- Ин дафъа хоҳарам оинаи ҷаҳоннамо мегӯяд.
- Фаҳмо. Ба назарам, ба хоҳари ту ягон кас ёд медиҳад. Хайр, майлаш. Мана, ин номаро гиру хо, ана ба он ғор рав. Дар он ҷо ҳафт писари ман ҳаст, ҳафт деви паҳлавон. Баробари ба ғор даромаданат, онҳо «пуф, бӯи одамизод — бӯи одамизод» мегӯянд. Саросема нашав, натарс. Онҳо посбони шоҳи париён ҳастанд. Ҳамин номаро деҳ. Номаро мегиранду туро ба дарунтари ғор бурда, дар назди оинаи ҷаҳоннамо мегузоранд. Ин оинаи шоҳи париён аст. Дар ин оина тамоми дунёро мебинӣ. Оҳиста назди оина раву онро беозор ба бағалат андозу қафо-қафо аз ғор барову ба аспат савор шуда пасатро нигоҳ накарда биё. Бачаҳои ман намегузоранд, ки париҳо аз қафои ту давида оинаро гиранд.
Заркокул гуфти девкампирро иҷро мекунад. Девҳо баробари ба ғор даромадани ӯ «пуф, бӯи одамизод» мегӯянд. Ҷавон пас аз салом зуд номаро медиҳад. Девбачаҳо номаро хонда мегӯянд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё