Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Мардон тарсиданд. Ночор монданд. Дигар ғавғо набардоштанду ба тақдир тан дода, ҳар кадомаш ба булбулигӯё, духтару бародараш сипос гуфта рафтанд. Бародару хоҳар бо булбулигӯё ба хона омаданд. Булбилигӯёро ба даруни оинаи ҷаҳоннамо гузоштанд. Оинаи ҷаҳоннамо ҳазор гуна тамошоро – сароидан, рақсидан, давидан, паридан, воқеаҳо, ҳодисаҳоро нишон медиҳад, булбилигӯё гапи онҳоро мерасонад.

Аз байн боз чанд вақт гузашт. Боз Пирзол омаду ин давру давронро дида, ҳасодаташ бештар шуд. Ба духтар гуфт:
– Акат бароит ин қадар меҳрубонӣ кард. Акнун ту ҳам ба вай як меҳрубонӣ кун. Барояш Гулпариро оварда деҳ.

Духтар гуфт:
– Рост мегӯӣ, бибиҷон. Вай дар куҷо?
Пирзол мегӯяд:
– Дар Боғи Ирам.

Пирзол гумон кард, ки Гулпарӣ ҳардуро нест мекунад. Духтар ба бародараш нагуфта, либосҳои мардона ба тан карда, барои овардани Гулпарӣ рафтан мехоҳад. Ҳамин дам оинаи ҷаҳоннамо фаъолияти духтарро нишон медиҳаду булбилигӯё бо овози баланд хабар медиҳад.
Заркокул инро мебинаду мешунавад ва давида назди хоҳараш меояду мепурсад:
– Чӣ гап? Сафар ба хайр?

Табассум мекунад. Гуфтан намехоҳад. Акааш маҷбур мекунад. Маҳпешонӣ ночор мегӯяд:
– Ту ин қадар ба ман корҳои шоиста кардӣ, ман ҳам хостам бароит Гулпариро орам.

пешина
аз 264
навбатӣ